ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Соли 2024 ин грант ба 120 нафар занон барои рушди ҳунармандӣ ҷудо гардид

Февраль 15, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 бо мақсади дастрас намудани грантҳои президентӣ ба Комиссияи озмунии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 396 лоиҳаи соҳибкории занон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 120 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 5 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дод.

«Маблағҳои грантӣ аз 25 ҳазор сомонӣ то 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Маблағҳои дастраснамудаи занон ба таъсиси 480 ҷойи кори доимию мавсимӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занону духтарон мусоидат менамоянд»,-иброз дошт раиси кумита.

Маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойи нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин равона гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи занони соҳибкор сол то сол зиёд мешавад. Онҳо фаъолияти соҳибкориашонро аз заминҳои наздиҳавлигӣ шуруъ карда, имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.

Аз шумораи умумии 365 ҳазору 270 субъекти хоҷагидор 107 ҳазору 668 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18 ҳазору 94 нафар зиёд мебошад.

Дар асоси таҳлилҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат, роҳбарони аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ занон ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Соли 2024 аз 179 ҳазору 858 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 52 ҳазору 46 нафарро занон ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2023 13 ҳазору 39 нафар зиёд мебошад.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз шумораи 73 ҳазору 188 нафар занону духтарони муроҷиатнамуда аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 36 ҳазору 634 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 15 ҳазору 783 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030» амал мекунад, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад