Гулнора Ҳоҷиева аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирооти «Маҷмуи гиёҳҳои шифобахш-Чордору» дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик (IIFME), ки дар Кувайт доир шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.
Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик аз 16 то 19 феврали соли равон дар давлати Кувайт доир шуд. Дар он аз 44 давлат ихтироъкорон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамасола доир мешавад. Соли 2024 он 12-15 феврал баргузор гардид, ки дар он аз 43 давлати ҷаҳон намояндагон бо 169 ихтироъ иштирок доштанд.
Дар ин намоиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Саврибегим Ёрмамадова бо медали нуқра ва Мавлуда Давлатмамадова бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






