ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) дониста мешавад. Ин рӯз шуруъ аз соли 2012 дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин санаи маърифатӣ дар муассисаи фарҳангии мамлакат барномаю маҳфилҳо доир мешаванд. Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гардидааст, балки ин рӯз пешниҳодшудаю ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад.
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Муҳаммадиқбол Атозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб таърихи дароз надорад. Муассис ва гардонандаи сомонаи китобҳои бачагона Эмми Бродмури амрикоӣ, модари се фарзанд асосгузори ин сана мебошад. Таъсиси Рӯзи ҳадяи китоб чунин аст: рӯзе яке аз фарзандони Эмми ҳамчун суоли тифлона аз модараш мепурсад: «Модар, чаро давоми сол барои ҳар соҳа рӯзҳои хос ҳаст, вале рӯзи махсусе барои ҳадяи китоб нест?». Эмми ин андешаро дастгирӣ намуда, 14 феврали соли 2012 пешниҳоди фарзандашро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ манзури ҷомеа мекунад. Баъдан дӯстони блогериаш ин пешниҳодро ҳаматарафа дастгирӣ ва дар саҳифаҳои худ тарғиб менамоянд.
«Тоҷикистон ба сифати аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳон арзишҳои некро ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ менамояд. Зеро ҳар рӯзи миллати мо бо китоб оғоз мешавад ва дар ҳар хонаводаи тоҷик китоб мавқеи бунёдӣ ё ирсӣ дорад. Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи нек аз гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадяи китоб ба таври оммавӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст»,-чунин иброз намуд Муҳаммадиқбол Атозода.
Воқеан, ҳадяи китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо иқдоми Сарвари давлат нахуст китоби муқаддаси «Қуръон» ройгон ба мардум ҳадя карда шуд. Баъдан аз номи Пешвои миллат китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони мамлакат туҳфа гардид, то мардум таърихи худро омӯхта, босавод, боҳувият ва сарбаланду донишманд гарданд. Дар фурсатҳои наздик китоби «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ ба ҳар хонадони мардуми тоҷик ҳадя мегардад.
Дар ҷаҳон миллати моро ҳамчун мардуми китобдору китобдӯст, фарҳангпарвару фарҳангсолор ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд. Рисолати таърихии равшанфикрони мо дар гузашта, имрӯз ва оянда низ бо таълифу таснифи осори илмию адабӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ба роҳи рост роҳнамоӣ кардани ҷомеа ва эҳтироми фарҳангу ойини халқу миллатҳои дигари ҷаҳон марбут мебошад.
Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки қаблан модарони тоҷик зери болини фарзанд китобҳои нодир мегузоштанд, то фарзандонашон босаводу донишманд гарданд. Имрӯз аз домони поки модари тоҷик бузургтарин адибону шоирон ва олимони маъруф, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Умари Хайём ва нобиғагони дигар ба воя расидаанд, ки дар пешрафти тамаддуни дунё саҳми назаррас доранд. Ҳамин аст, ки Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувва эътибори миллат аст.
«Тақдими китоб ба якдигар дар ҳар оилаи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст. Ман охирин маротиба аз дасти падарам китоби «Шарҳи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ»-ро гирифтаам, ки дар он падарам чунин навиштааст: «Бо умеди саодат, хушбахтӣ ва илмандӯзии фарзандам». Фикр мекунам, ки чунин ҳадяҳо ба фарзанд қудрату қувват мебахшанд. Хуб мешуд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз ба китобхонию донишандӯзӣ бикӯшанд ва аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода баранд», — баён дошт Абдувалӣ Абдураҳмонзода.
Аз назарпурсӣ бо сокинон маълум гардид, ки онҳо мехоҳанд дар ин рӯз ба наврасон ва кӯдакон китоб ҳадя карда шавад. Зеро бо ин амал дар замири онҳо нисбат ба китоб муҳаббат пайдо мегардад. Бархе аз сокинон мегӯянд, ки дар ин рӯз бояд ба хона-интернатҳои кӯдакон китобу дигар ашёи зарурӣ тақдим гардад.
Сокини шаҳри Душанбе Фарҳод Аҳмадзода иброз намуд, ки «агар ба ман дар ин рӯз китоб ҳадя намоянд, ман низ талош мекунам, ки ба каси дигар ё аҳли оилаам китоб туҳфа барам. Ман то имрӯз аз наздиконам китоби ҳадя кам гирифтаам. Кӯшиш мекунам, ки дар оянда ба дӯстону фарзандонам бештар китоб ҳадя намояму ба онҳо таманниёти нек нависам. Ҳар вақте, ки ман таманиёти дар китобҳо ба номам навиштаро мехонам, хеле шод мешавам. Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки тақдими китоб бо соядаст зиёдтар карда шавад, зеро ин беҳтарин туҳфа аст».
Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб барои ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пайомади нек дорад. Дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳар яки мо бояд бетараф набошем ва ба ҳадди имкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ ҳадя намоему дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»