Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд

Октябрь 20, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он  хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон мавқеи махсус дода мешавад. Ҳадафи баргузории Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ мебошад.

Асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳоро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва сессияҳои илмии аъзои академия ташкил медиҳанд, ки дар пояи институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Ҳоло 13 бахши ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони хонандагон барои фаъолияти пурсамар дар тарбияи насли наврас бо Сипосномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон як зумра хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соҳиби шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҷалбу бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд омода намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурд мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд