Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Иди Меҳргон Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби ошпазони шаҳру ноҳияҳои мамлакат намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода ва пешниҳод карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Оши палов хӯроки анъанавӣ буда, дар байни тоҷикон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама, «шоҳи таомҳо» меноманд. Оши палови имрӯз пешниҳодшуда хоси ҳар минтақаи мамлакат буд.
Инчунин дар ин ҷашнгоҳ кишоварзон навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро пешниҳод намуданд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ин ҷашн дар баробари пешниҳоди оши палов таомҳои дигари аз биринҷ омодашуда низ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Оши палов»- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишти умумии шолӣ беш аз 23 ҳазор гектар- аз он 13 ҳазор гектарро кишти асосӣ ва 10 ҳазор гектарро кишти такрорӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 51 ҳазор тонна шолӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар бештари хоҷагиҳо ҷамъоварии он идома дорад.
Ба андешаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, имсол ҳосили шолӣ нисбат ба солҳои гузашта бештар мебошад. Агар солҳои минбаъда чунин ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад, дар оянда мо метавонем аҳолии мамлакатро бо биринҷӣ ватанӣ пурра таъмин намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябри соли 2025 зимни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» иброз намуданд, ки «бо назардошти ҳамасола 2,5 фоиз афзоиш ёфтани аҳолӣ ва ба 10,7 миллион нафар расидани аҳолии он аз ин миқдор замин бо гирифтани 2 – 3 ҳосил, яъне самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи он амнияти озуқавории мамлакат бо маҳсулоти асосии ғизоии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла картошка, гӯшт, тухми паранда, сабзавот ва меваҷот пурра таъмин гардида, таъминот бо биринҷ ба 90 фоиз расонида шудааст».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

































Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






