Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид

Октябрь 20, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 22 октябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ баргузор мешавад.

Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ноширон барои иштироки фаъолона Диплом ва Ифтихорнома тақдим карда мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд