Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
ДУШАНБЕ, 19.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Меҳргон таъкид намуданд, ки таҷлили ин ҷашн ҳамчун ойини миллии ниёгон далели эҳтиром ба фарҳанги қадимаи тоҷикон ва эҳёи арзишҳои созандаву накуи он мебошад.
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки аз давраҳои қадим гузаштагони мо кишоварзу боғдор буданд ва дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мерос гузоштаанд. Ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик рӯ ба арзишҳои фарҳангии гузашта оварда, густариши онҳоро вазифаи бошарафи худ мешуморад.
Иброз гардид, ки идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.
Президенти мамлакат аз кишоварзон даъват ба амал оварданд, ки бо масъулият ба ҷамъоварии пурраи ҳосил, захираи маҳсулот, кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то бозори истеъмолии кишвар, хусусан дар фасли зимистон, бо маҳсулоти озуқа таъмин гардад.
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мегарданд. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки ҳамаи масъулон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бештар аз ҳар вақт заҳмат кашанд, истеҳсол ва захираи маҳсулотро афзоиш диҳанд.
«Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
АКС аз бойгонӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






