ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Дар робита ба ин санаи муҳим хабарнигори АМИТ «Ховар» дар хусуси таърихи таъсиси Артиши миллӣ, нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими иқтидору имконияти артиш ва ҷонфидоии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат матлаб омода намудааст, ки манзури хонандагон мегардад.
Қувваҳои мусаллаҳ — ҳомии соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлат ва ҷомеа
32 сол мешавад, ки Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои минбаъдаи давлати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро давоми 32 соли таъсис метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат ба хотири ҳифзу дифои марзу буми Тоҷикистон номид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.
Инсоният давоми таърихи дароз 15 ҳазор ҷангро аз сар гузаронидааст ва имрӯзҳо низ дар гӯшаҳои гуногуни олам муноқишаҳои ҳарбӣ рӯй медиҳанд. Ҷангҳо зиён ва талафоти зиёде оварда, оммаи зиёди одамонро аз кору заҳмати осоишта канор мезананд. Дар ин ҷангу муноқишаҳо ҳамеша Қувваҳои Мусаллаҳ ба сифати абзори ҷанг истифода шудаанд. Зеро воситаи асосии пешбурди ҷанг артиш аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.
Намояндагони машҳури фарҳанги аҷдоди мо доир ба артиш, сохтор, маҳорату малакаи ҳарбиён, таълиму тарбияи низомиён асарҳои арзишманд иншо намудаанд. Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад ва табиӣ аст, ки андешаҳои беҳтаринро дар бораи таърихи ташаккули артиши миллӣ дар бар мегирад.
Ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов мегӯяд, ки озодихоҳӣ ва истиқлолталабии тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз диду тафаккури ин миллат дур нашуда, балки ҳамеша давоми таърих ин миллат дар талоши ба даст овардани истиқлол ва бунёд намудани давлати миллиаш буд.
«Барои ин миллат набард барои Истиқлолу Озодӣ дар майдонҳои ҳарбу зарби пуршиддати ҷангҳо ба муқобили истисморгарони аҷнабӣ ва дар майдонҳои фарҳангу маърифат ва илму дониш ҳамеша давом мекард ва имрӯз низ идома дорад. Миллати тоҷик давоми асрҳо бо роҳу воситаҳои гуногун талош меварзид, мубориза мебурд, исёну қиём менамуд, то соҳиби тақдиру давлати худ бошад», — изҳор дошт ӯ.
Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳашро ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ — назариявии гузаштагонамон аҳамияти хосса пайдо намуда, вазифаи ҳар пажуҳишгари соҳаи илми ҳарбӣ аст, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиамонро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёташонро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.
Артиши миллӣ — неруи муқтадир ва кафили амнияту осоиш
Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис дода шуд. Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 23 феврали соли 2019 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».
Бо иқдоми Сарвари давлат ба муҳофизати сарҳад тамоми имконияти мавҷуда равон шуд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, соли 1993 заминаҳои асосӣ барои таъсиси Артиши миллии тоҷик гузошта шуданд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Тавре Зубайдуллло Давлатов мегӯяд, имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш ва сулҳу суботи мамлакат ташаккул ёфтааст. Ин артиш дар муборизаҳои шадид иштирок намуда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфтааст.
«Давоми солҳои 1993-2020 дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонист садоқаташро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Маълум аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод.
28 майи соли 2024 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва суҳбат бо гурӯҳи сарбозон иброз намуданд, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъоле, ки дар қисмҳои ҳарбӣ аз мактаби ҷасорат гузаштаанд, интихоб кард ва изҳори боварӣ намуданд, ки аз онҳо афсарону фармондеҳони беҳтарин омода намудан мумкин аст.
Дар робита ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат, тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро аз рӯйи 18 ихтисос курсантон хатм менамоянд, то ин дам зиёда аз 4 ҳазор афсари касбӣ ба ҳайати ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии мамлакат дохил гардидаанд.
Маҳз тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шавад.
Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки имрӯз бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо ҳалли худро ёфтааст. «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни неруҳои ҳарбии ҳамаи давлатҳои ҳамсоя пуртаҷриба аст, чун ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва имрӯзҳо онро такмил медиҳад. Ҳоло ҷаҳони муосир пур аз тазодҳо аст. Муборизаҳо ба хотири дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад», — иброз медорад ӯ.
Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти мамлакат ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад.
Сарҳад — оғози хоки Ватан ва мазрааи нангу номуси миллат
Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам».
Зубайдулло Давлатов чунин андеша дорад, ки «арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳою миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ аст».
Ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонун ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шуд. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин самт равон намояд.
Ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон- муҳимтар аз ҳама
Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намудаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё намудаанд.
Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди усулӣ ва муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.
32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи Артиши миллӣ, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои раванди бунёди артиш марҳилаи муҳими таърихӣ буда, дар таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад.
32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷашни одию муқаррарӣ нест, балки рӯзи ифтихору шукрона аз давлати миллию Артиши он, истиқлоли давлатӣ ва шукрона аз Ваҳдати миллӣ мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»