«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад

Февраль 6, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дӯстдорони бозиҳои компютерӣ метавонанд суръати “Интернет барои хона”-и ноқилиро аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” вусъат бахшанд. Махсусан барои истифодабарандагони хизматрасонӣ оператор опсияи “Steam” таҳия намуд, ки он имкон медиҳад бозиҳо аз онлайн-сервиси ҳамном зудтар боргирӣ ва нав карда шаванд. Силсила шаш бастаро бо нархҳои аз 50 то 300 сомонӣ дар бар мегирад.

Steam – платформае мебошад, ки дар он зиёда аз 30 000 бозиҳо, аз ҷумла “Counter-Strike 2”, “DOTA-2”, “PUBG”, “Call of Duty”-ро метавон пайдо намуд. Опсияи нав то сатҳи назаррас суръати дастрасиро ба ин манбаъҳо баланд менамояд. Ҳамин тавр, агар бо тарофаи “Барои хона 5 Мбит/с” бастаи “Steam 20”-ро пайваст намоед, суръати интернет барои бозӣ то 20 Мбит/с баланд мешавад, дар вақти шабона ин нишондиҳанда ба 30 Мби/с баробар хоҳад шуд, яъне суръат шаш баробар зиёд мешавад.

Суръати дастрасиро ба манбаъҳои Steam шахси бозингар худ бо пайвасткунии бастаи зарурӣ интихоб мекунад. Ягона маҳдудияти комилан фаҳмо – пайвасткунии бастае, ки дар он суръати интернет аз интернети тарофаи асосии муштарӣ пасттар аст, номумкин мебошад. Масалан, бо тарофаи “Барои хона 20 Мбит/с” бастаҳои амсоли “Steam 10” дастнорас хоҳанд буд, зеро онҳо суръати кори манбаъҳои бозии шуморо баланд намекунанд.

Суръати баландтаринро бастаи “Steam 50” таъмин менамояд. Он 50 Мбит/с-ро дар вақти муқаррарӣ ва 60 Мбит/с-ро шуруъ аз соати 00:00 то 06:59 дар бар мегирад. Нархи баста – 300 сомонӣ. Бастаи хурдтарин – “Steam 5” 50 сомонӣ арзиш дорад. Муҳлати амали ҳама бастаҳои силсила – 30 рӯз.

Опсияи “Steam” имкон медиҳад, ки бо устувории пингҳо, бе таъхир ва бо табодули маълумот байни сервер ва компютери истифодабаранда бе монеа ба бозиҳо машғул шавед. Барои баъзе намудҳои махсуси бозиҳо чунин имконият хеле муҳим аст. Бо опсия танҳо манбаъҳои Steam вусъат меёбанд, манбаъҳои боқимонда, масалан, видеохостинги YouTube дар реҷаи пешина фаъолият хоҳанд кард.

“Бозиҳо – на танҳо машғулияти дӯстдошта мебошанд, балки ин фарҳанги алоҳида аст. Дар баробари ин якчанд манбаъҳои Steam аз киберварзиш иборат мебошанд, ки рушди он дар Тоҷикистон аллакай чандин сол боз аз ҷониби ширкати мо дастгирӣ меёбад. Опсияи нав ба киберварзишгарони душанбегӣ имкон медиҳад, ки бо роҳати том ба бозиҳо машғул шаванд ва ба ғалабаҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омодагӣ бинанд”, — мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев.

Маълумот оид ба бастаҳо, ки дар доираи опсияи “Steam” дастрас аст, дар ҷадвали зерин оварда шудааст:


Оид ба тарофаҳо ва шартҳои пайвасткунии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи оператор ё бо рақами 4747 маълумот пайдо намоед.

Февраль 6, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад