ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид

Февраль 7, 2025 16:57

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот баррасӣ гардид.

Дар марҳалаи пешбарӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ 70 номзад пешбарӣ гардида буд.

Комиссияи марказӣ мувофиқати номзадҳои пешбаригардидаро  ба талаботи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дод. Бо қарори дахлдори Комиссия,  рӯйхати номзадҳои  ҳизбҳои сиёсии болозикр ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид.

Ҳамин тариқ, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 номзад, Ҳизби Демократи Тоҷикистон 3 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 5 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 13 номзад, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 13 номзад ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад, дар маҷмуъ 68 номзад ба қайд гирифта шуданд.

Ҳизбҳои сиёсӣ баъд аз бақайдгирӣ ҳуқуқ доранд ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намоянд. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирӣ оғоз гардида, як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Комиссияи марказӣ инчунин дар бораи бақайдгирии ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ қарор қабул намуд.

Ҳамчунин байни ҳизбҳои сиёсии дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда бо мақсади эҳтироми ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, риояи сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати интихоботӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи интихоботии дигар субъектони раванди интихобот дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботӣ, суиистифода накардан аз озодии воситаҳои ахбори омма, риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Созиш вобаста ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ  дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 ба имзо расонида шуд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст
ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд
ИНТИХОБОТ-2025. Дар АМИТ «Ховар» бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ машварат баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
ИНТИХОБОТ-КАФИЛИ РУШДИ МИЛЛАТ. Дар Хуҷанд иқдоми тарғиботӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Дар ноҳияи Нуробод доир ба маъракаи интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муаррифӣ шуданд
Барои аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид