«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид

Февраль 24, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки занону духтарон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Зимни озмун аз ҷониби кадбонуҳои моҳир ороиши дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Иброз гардид, ки миллати тоҷик дар байни дигар халқҳо бо ороиши дастархони миллӣ шуҳрат дорад. Кушодани дастархон анъанаи қадимӣ буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад.

Ҳадафи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ дар саросари мамлакат идома дорад.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври ҷумҳуриявии ин озмун дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамъбаст мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳри Кӯлоб

Февраль 24, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид