«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид

Февраль 19, 2025 13:56

ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Соли равон озмун дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади  баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи бештари ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллию маҳаллӣ, эҳё  ва ҳифзу нигоҳдошти расму суннатҳои миллии ниёгонамон  ва ба ин васила баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ дар байни занону духтарон баргузор гардид.

«Занону духтарони тоҷик посдорандаи анъанаҳои неки ниёгон ва кадбонуҳои моҳири замон мебошанд, ки ҳунари таомпазиро хуб доро буда, онро ба насли имрӯз ба мерос мемонанд»,-гуфта шуд зимни баргузории озмун.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтарин ва нодиртарин суннатҳои фарҳангӣ-миллии  тоҷикон дар муносибат ба кадбонугӣ, дастархонороӣ ва маърифати оиладорӣ дубора эҳё гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҳамасола дар асоси ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани санъати пухтани таомҳои миллӣ гузаронида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Февраль 19, 2025 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд