Маҳмадтоир Зокирзода: «Таъмини сулҳу субот ва зиндагии осоишта дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад»

Февраль 21, 2025 11:16

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё, ки 19-20 феврал дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «имрӯз Парлумони Тоҷикистон дар баробари Ассамблеяи парлумонии Осиё дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳои байнипарлумонӣ  иштироки фаъол дорад».

Вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон таъкид гардид, ки мусоидат ба таъмини сулҳи устувор, субот ва зиндагии осоишта дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» маҳз ҳамин ҳадафҳоро дар бар мегирад», — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Тазаккур дода шуд, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим нақши пешбари давлати моро дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ифода мекунад.

«Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, — ёдовар шуд Маҳмадтоир Зокирзода. — Бо ин қатънома Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки шуруъ аз соли 2025 ҳамасола таҷлил мешавад, муқаррар гардида, Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд».

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор намуд, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад ва аз ҳайатҳои давлатҳои шарику созмонҳои байналмилалию минтақавӣ даъват намуд, ки дар кори конфронс фаъолона иштирок намоянд.

Дар идома гуфта шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ эълон намуд.

 

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 21, 2025 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд