Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон, дар арафаи Рӯзи Модар дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, доир мегарданд.
Барои баргузории ин фестивал ва намоиш-фурӯш Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, рассомон, «Тоҷикматлубот», кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат муваззаф гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 18 апрели соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» дар майдони «800- солагии Москва»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор гардид. Дар он аз тамоми ҷумҳурӣ ҳунармандон ҷамъ омада, маҳсулоти худро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






