Мушоҳидони ИДМ бо комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботии шаҳри Душанбе №2 ва Файзобод №11 шинос шуданд

Февраль 20, 2025 15:29

ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мониторинги маъракаи интихоботӣ аъзои ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 18 феврал бо комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботии шаҳри Душанбе №2 ва Файзобод №11 ва якчанд комиссияҳои участкавии ин ҳавзаҳо шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ситоди ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо системаи таълими аъзои комиссияҳо ва фаъолият оид ба дақиқ намудани рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, омодагии участкаҳои интихоботиро ба ин маъракаи сиёсӣ арзёбӣ намуданд.

Инчунин мушоҳидони байналмилалӣ таҷҳизоти дурусти методию техникӣ ва омодагии баланди комиссияҳоро ба рӯзи овоздиҳӣ таъкид намуданд.

АКС: Ситоди ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Февраль 20, 2025 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид