«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад

Февраль 7, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар асоси «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025», ки бо қарори дахдори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, форум 20 март баргузор карда мешавад.

Масъулияти баргузории форум ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси ҷадвал аз ҷониби шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе видеороликҳои тарғиботӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо сифати баланд дар «Google Диск» нигоҳдорӣ карда шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд онҳоро тавассути QR-рамз боргирӣ намоянд.

Тақвим бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 7, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад