НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 феврал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврасони асри технология» барои хонандагони ин муассиса машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи баргузории машварат ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва корбурди онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза, саводи расонаӣ ва амнияти иттилоотӣ ба иштирокчиён маълумоти аввалин ва муфид доданд. Инчунин дар идомаи машварат бозиҳои дидактикӣ ва озмунҳои зеҳнӣ доир карда шуданд.
Рӯзи аввал барои хонандагон машғулият оид ба муҳити рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон қоидаҳои истифодаи дурусти таҷҳизоти рақамӣ ва манбаъҳои интернетиро омӯхтанд. Дар идома барои мустаҳкам кардани мавзуъ бозиҳои дидактикии шавқовар гузаронида шуданд.
Кор бо барномаҳои Microsoft Office мавзуи рӯзи дуюми машварат буд. Дар ҷараёни он хонандагон кор бо ин барномаҳоро азхуд карданд. Ба хонандагон маълумот оид ба компютер ва қисмҳои он низ пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади мустаҳкам намудани хотираи хонандагон ва таҳлили мавзуъҳо бозиҳои дидактикӣ доир шуданд, ки хотири иштирокчиёнро болида ва машваратро хотирмону ҷолиб гардониданд.
Дар ҷамъбасти машварат директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода изҳор дошт, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби хонандагони дорои имконияти маҳдуд ба илмомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо гузаронида шуд.
Иштирокчиён барои фаъолнокӣ ва рафтори намунавӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






