НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд

Февраль 14, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 феврал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврасони асри технология» барои хонандагони ин муассиса машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадафи баргузории машварат ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва корбурди онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза, саводи расонаӣ ва амнияти иттилоотӣ ба иштирокчиён маълумоти аввалин ва муфид доданд. Инчунин дар идомаи машварат бозиҳои дидактикӣ ва озмунҳои зеҳнӣ доир карда  шуданд.

Рӯзи аввал барои хонандагон машғулият оид ба муҳити рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон қоидаҳои истифодаи дурусти таҷҳизоти рақамӣ ва манбаъҳои интернетиро омӯхтанд. Дар идома барои мустаҳкам кардани мавзуъ бозиҳои дидактикии шавқовар гузаронида  шуданд.

Кор бо барномаҳои Microsoft Office мавзуи рӯзи дуюми машварат буд. Дар ҷараёни он хонандагон кор бо ин барномаҳоро азхуд карданд. Ба хонандагон маълумот оид ба компютер ва қисмҳои он низ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани хотираи хонандагон ва таҳлили мавзуъҳо бозиҳои дидактикӣ доир шуданд, ки хотири иштирокчиёнро болида ва машваратро хотирмону ҷолиб гардониданд.

Дар ҷамъбасти машварат директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода изҳор дошт, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби хонандагони дорои имконияти маҳдуд ба илмомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо гузаронида шуд.

Иштирокчиён  барои фаъолнокӣ ва рафтори намунавӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Февраль 14, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд