НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ қарзҳои имтиёзнок — «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Қарзҳои ипотекӣ»-ро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ бонк иқдоми қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2024», «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ», «Орзуҳои солинавӣ-2025», инчунин «Қарзҳои ипотекӣ» пешниҳод намудааст. Дар ин хусус имрӯз Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти бонк дар соли 2024 ба доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Амонатбонк» соли 2024 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 69 ҳазор муштарӣ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми қарздиҳӣ 36 фоиз ва шумораи қарзгирон 31,3 фоиз зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, соли 2024 «Амонатбонк» ба соҳаҳои саноат 10,7 фоиз, кишоварзӣ 16,2 фоиз, истеъмолӣ 46,9 фоиз, сохтмон 10,3 фоиз, тиҷорат 15,1 фоиз, нақлиёт 0,2 фоиз ва хизматрасонӣ 0,6 фоиз қарз пешниҳод намуд. Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 3,1 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 75 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 42,5 фоиз ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 22 фоиз афзудааст.
Инчунин раиси «Амонатбонк» изҳор намуд, ки «Амонатбонк» сиёсати қарздиҳии худро таҷдид намуд. Бонк барои соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам оварда, меъёри фоизи қарзҳоро бо пули миллӣ аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба мизоҷон дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст ва муҳлати истифодаи қарзҳо 5 сол муқаррар гардидааст.
Сандуқи қарзии «Амонатбонк» ҳоло 3,1 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 75 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 42,5 фоиз ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 22 фоиз афзудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: «АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






