НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ду бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён ба истифода дода мешавад

Февраль 7, 2025 13:26

ДАНҒАРА, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сохтмони ду бинои таълимӣ ва як бинои хобгоҳ барои донишҷӯён идома дошта, тибқи нақша дар соли таҳсили 2025-2026 ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма  хабар дод.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шумораи озмоишгоҳҳои таълимӣ, ташхисӣ ва озмоишӣ аз 9 ба 24 адад расонида шуд, ки донишҷӯён дар ин озмоишгоҳҳо  дониши тиббиашонро васеъ менамоянд. Ҳамчунин дар донишгоҳ 540 номгӯй таҷҳизоти муосири техникӣ бо теъдоди 1671 адад дар раванди таълиму тарбия ва корҳои илмии донишҷӯёну омӯзгорон истифода бурда мешаванд.

Дар асоси стандартҳои давлатӣ,   донишгоҳ  аз рӯйи ихтисосҳои «кори табобатӣ», «педиатрӣ», «тиббӣ-профилактикӣ», «фармасевтӣ»  ва «стоматологӣ» мутахассисонро омода менамояд.

Барои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ тайёр намудани мутахассисон ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тибби бисёрсоҳавии ноҳия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ба ин восита донишҷӯён дар ин муассисаҳо дониши тиббию табобатии муосирро азхуд мекунанд.

Субҳониддини Маҳмуд,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд