НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироъ ба даст оварданд

Февраль 6, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод.

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 40 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони академия ва 7 пешниҳод оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ манзур карда шуд. Ҳамчунин беш аз 10 фармоиши вазорату идораҳои гуногун дар шакли хулосаи ташхис ва мониторинг иҷро гардид.

Беш аз 15 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот манзур шудааст. Ҳамчунин беш аз 25 фармоиши вазорату идораҳои гуногун дар шакли хулосаи ташхис ва мониторинг иҷро гардид.

Дар ин давра олимони академия таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд