НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироъ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 40 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони академия ва 7 пешниҳод оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ манзур карда шуд. Ҳамчунин беш аз 10 фармоиши вазорату идораҳои гуногун дар шакли хулосаи ташхис ва мониторинг иҷро гардид.
Беш аз 15 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот манзур шудааст. Ҳамчунин беш аз 25 фармоиши вазорату идораҳои гуногун дар шакли хулосаи ташхис ва мониторинг иҷро гардид.
Дар ин давра олимони академия таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид






