НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид

Февраль 5, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 барои оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида 109 хонаи истиқоматии 4-ҳуҷрагӣ муҷаҳҳаз бо тамоми ҷиҳози рӯзгор сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз, 5 феврал Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод 22 ва дар ноҳияи Ишкошим 13 хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Инчунин дар ин давра дар ноҳияи Айнӣ 15 хона, Сангвор- 17, Шаҳринав- 1, Фархор- 36 ва дар шаҳри Ваҳдат 5 хонаи истиқоматӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида супорида шуд.

«Дар асоси фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба оилаҳои ҳалокшудагон ва оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кумакҳои яквақтаинаи моддӣ, инчунин барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои пурра ва қисман зарардида масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ дастрас гардид»,- гуфт раиси кумита.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 бар асари офатҳои табиӣ дар маҷмуъ 334 хона зарар дидааст. Аз ин шумора 102 хона пурра, 58 хона қисман, 174 хона сабуктар ва 1915 иншооти ёрирасон зарар дидаанд.

Ҳамчунин зимни нишаст иброз гардид, ки соли 2024 дар кумита тахтасангҳои оҳану бетонӣ, симтӯр, симтаноб ва сим захира гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид