НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид

Февраль 10, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 815 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  824 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125 фоизро ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ.

«Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 90,4 миллион сомонӣ ё 124 фоиз, саноати коркард 3,3 миллиард сомонӣ ё 113 фоиз, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,7 миллиард сомонӣ ё 134 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 81 миллион сомонӣ ё 144 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бештар таъмин гардид», — гуфт Бахтиёр Шарифӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр, новобаста аз шакли моликият 43 240 ҷойи кор таъсис ва барқарор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   3,3 фоиз зиёд мебошад.

Давоми соли 2024 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11 ҳазору 383 шаҳрванди бекор (6018 зан) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад