НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст

Февраль 10, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид намуданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1126 нафар варзишгарон, аз ҷумла 354 нафар занону духтарони аъзои дастаҳои мунтахаб аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ ҷалб гардиданд.

Соли 2024 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 448 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуд. Ҳамчунин ба хотири дастоварди онҳо 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 145 мусобиқаи варзиши касбӣ бо фарогирии 13 ҳазору 490 нафар варзишгарон, аз ҷумла 3714 нафар занону духтарон баргузор гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад