Оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак тренинги омӯзишӣ баргузор шуд

Февраль 19, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) барои кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва мутахассисони соҳа оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдакон тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.

Тавре аз  Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинг бо мақсади беҳтар намудани механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, таҳияи ҳисоботи миллӣ, байналмилалӣ ва истифодаи усулҳои муосири ба натиҷа асосёфта ташкил шуда, мутахассисон бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълимӣ ба иштирокчиён малакаҳои мукаммали мониторинг ва таҳлилро дар заминаи ҳуқуқҳои кӯдакон пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни тренинг иштироки мутахассисон дар таҳия ва татбиқи ҳисоботи миллӣ ва байналмилалӣ ба таври муассир арзёбӣ гардид. Ин имкони истифодаи роҳҳои самаранок ва устувор барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро фароҳам меорад.

Ташкилкунандагони тренинг таъкид намуданд, ки баргузор намудани чунин машғулияти таълимӣ марҳилаи муҳими рушд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аст, ки бо аҳамияти истифодаи усулҳои ба натиҷа асосёфта ва такмили ҳадафҳои рушди устувор пайваст мебошад.

Намояндагони академия ва Хазинаи кӯдакон изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар соҳаи омӯзиш ва таҳияи стратегияҳои пешрафта барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамкории мутақобили судманд тақвият дода мешавад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд