«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 170 шабакаи телевизионӣ ва беш аз 100 ҳазор филму силсилафилмҳои «Oila TV» дастраси муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гардиданд. Интерфейси хизматрасонӣ барои тамошои барномаҳои дӯстдошта ба таври онлайн дар дилхоҳ вақту макон ва истифодаи функсияи сабти барномаҳои зарурӣ имкон медиҳад. Нархи хизматрасонӣ 1,30 сомонӣ дар як рӯз аст.
Фарқияти «Oila TV» аз дигар хизматрасониҳои шабеҳ дар он аст, ки бештар ба тамошобинони Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ карда мешавад. Контент бо назардошти завқу ҳаваси онҳо интихоб гардида, ҳам маҳсулоти хориҷӣ ва ҳам филму барномаҳои дар ҷумҳурии мо таҳияшударо дар бар мегирад. Интерфейси «Oila TV» бо ду забон – русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.
Контенти «Oila TV»-ро дар телевизорҳои Smart TV, планшетҳо, смартфонҳо, тавассути сомонаи http://oilatv.tj/web ё замимаҳои мобилӣ барои Android ва iOS тамошо карда метавонед. Истифодабарандагон ба доираи васеи шабакаҳои телевизионӣ ахбор, варзиш, мусиқӣ, барномаҳои фароғатӣ ва кӯдакона дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Ҳар аъзои оила барои худ барномаи ҷолиб пайдо мекунад. Функсияи хотиррасонӣ оид ба бозиҳо ва барномаҳои муҳим мавҷуд аст, ки ба туфайли он пахшҳои деринтизортаринро аз даст намедиҳед. Агар сарбории шабака зиёд бошад, метавонед танзимоти видеоро мустақилона тағйир диҳед, то ки он муттасил намоиш диҳад.
Тамошои филмҳо ва барномаҳо дар реҷаи вақти воқеӣ ё сабтшуда дастрас аст. Дар баробари ин, трафики интернети аз ҷониби корбар сарфшаванда нархгузорӣ карда намешавад, яъне муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои обуна ба «Oila TV» ҳамагӣ 1,30 сомонӣ дар як рӯз пардохт мекунад.
Шумо метавонед ба хизматрасонӣ тавассути USSD-дархости *7117#, ирсоли SMS ба рақами 7117 ё тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» пайваст шавед. Дар саҳифаи асосии замима бояд ба сатри «Хизматрасониҳои ман» ворид шуда, қисми «Дастрас»-ро интихоб намоед ва номи хизматрасониро пайдо кунед.
Хизматрасониро тавассути USSD- дархости *7117*0#, тариқи замимаи «МегаФон Life» ё ирсоли SMS-паёмак ба рақами 7117 қатъ кардан мумкин аст.
Бо «Oila TV» шабакаҳои телевизионӣ ва филмҳои дӯстдоштаро дар вақти муносиб ва тавассути ҳар гуна дастгоҳ тамошо кунед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






