Олимони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкории Ховари Миёна 2 медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд

Февраль 20, 2025 16:51

ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 феврал дар Давлати Кувайт Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гардида, дар он намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби 2 медали тилло ва як нуқра гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳи сатҳи байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот аз 42 давлати дунё 197 ихтироъкор дар зиёда аз 50 самти илмӣ навгониҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Дар ин намоишгоҳ 6 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ созмон ёфта буд, 19 феврал маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.

Ихтирооти пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтирооти олимони тоҷик баҳои баланд доданд. Инчунин таваҷҷуҳи сармоягузорони Вазорати иқтисод ва савдои давлати Кувайт ба ихтирооти олимони Тоҷикистон бештар гашта, дар зимн масъалаҳои грантҳои илмӣ байни олимони тоҷик ва давлати Кувайт баррасӣ шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба татбиқи илм бо истеҳсолот, ҳамзамон амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) дар ҳамаи самтҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Иштироки олимони соҳа ва муҳаққиқони ҷавон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ далели ин аст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»