Пагоҳ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 4, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 08:00 доир мегардад.

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 10:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти иҷро соати 15:00 доир мегардад.

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 08:00 ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 08:00 баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 4, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд