Раванди сабти тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад

Февраль 1, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои гузаштан ба ҳукумати электронӣ сабти маъракаҳоро аз моҳи сентябри соли 2024 ба таври онлайн амалӣ менамояд. То имрӯз 6 ҳазор маъракаю маросим дар портали ягонаи мазкур сабт шудааст. Дар ин хусус 31 январ зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими кумита Далер Ҷабборов дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои Далер Ҷабборов, бо мақсади гузаштан ба низоми хизматрасонии электронӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба низоми бақайдгирии электронии маъракаю маросим шуруъ кунад. «Сабти онлайнии маъракаю маросими шаҳрвандон шуруъ аз моҳи сентябри соли 2024 шуруъ шуд. Барои дар амал иҷро шудан ва огаҳӣ ёфтани сокинони ҷумҳурӣ аз ин портал мо тариқи смс-паёмакҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро огоҳ намудем. Минбаъд шаҳрвандон метавонанд, ки бевосита ба сомонаи www.tanzim.tj ворид шуда, маъракаю маросими худро тавассути ин портал сабт кунанд ва тавсиянома ба даст оранд»,-шарҳ дод номбурда.

Бояд гуфт, ки сабти ҷашн ва маросим ба таври онлайн ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашну тӯйҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо нарафта, дар ин портал маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодию арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад.

Тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тӯйҳои домодию арӯсӣ), баргузории танҳо як маърака бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб иҷозат дода шуда, ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон ва муборакбодӣ манъ аст. Ҳамзамон маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 1, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд