«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид

Февраль 1, 2025 08:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2025  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон- Сада бо шаҳомати хосса ва бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин чорабинӣ.

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда, дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ менамоянд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси ин минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ,  техникаҳои кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд,  ба  намоиш гузоштаанд.

Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи омад-омади баҳорро меоварад ва деҳқононро ба кишту кор омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноию гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.  Шоири бузурги асри XI Фаррухӣ дар бузургдошти ҷашни Сада фармудааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста гардидааст. Дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ,  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинон гардонида шудаанд.

Чун анъана занони тоҷик аз ҳар гӯшаю канори мамлакат хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллии хоси ҳар минтақаи ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд