Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти паради низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Эмомалӣ Собирзода гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.
Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ — афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.
Сарвари давлат ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардумро барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоии фарзандони далеру фидокори миллати тоҷик — Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигарро барои наслҳои имрӯза ибратомӯз номиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзҳои нахустини давлатдорӣ, аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштану ба як неруи пуриқтидор мубаддал гардидани он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро ба иҷрои пурмасъули вазифаҳо ва ба савганди худ содиқ мондан ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки “бар дӯши шумо ҳимояи Ватан, миллат ва давлат гузошта шудааст”.
Дар ин робита ҳамчунин гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи кишвар ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.
Вобаста ба вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, Пешвои миллат роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари буду бошу хизмат барои ҳайати шахсӣ ва ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, эътибори бештар диҳанд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти беш аз 10 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ ҳусни анҷом ёфт.
Фахри мардуми тоҷик аз он аст, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.
Бо таваҷҷуҳ ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи низомӣ айни ҳол ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва қисми зиёди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро кадрҳои ватандӯст, соҳибтахассусу матинирода ташкил медиҳанд.
Қадамзании рустамонаи афсарону сарбозони Артиши миллӣ бори дигар собит мекунад, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар омодаанд, бо нангу номуси ватандорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, садоқат, азму иродаи қавӣ манфиатҳои миллӣ ва хоки поку муқаддаси сарзамини аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар муҳофизат намоянд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қодиранд, ки бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик — истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






