СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Бахшида ба ин санаи фараҳбахш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуддааст:
— Таҳкиму устувории низоми давлатдорӣ аз сипоҳи муназзаму мукаммали он вобастагии зиёд дорад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ маншаъ мегирад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукумрон ба шумор меравад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҳифозатгар аз истиқлолу тамомияти арзии ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.
Ин ниҳоди қудратӣ нишоне аз сипаҳсолории Сарвари давлати мо мебошад. Пешвои миллат чун Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба ин ниҳоди муҳими давлатдорӣ асос гузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2005 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад.
Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи зуҳуроти номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии мамлакатҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.
Дар айни замон Ҳукумати Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Миллати тоҷик дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии мамлакат, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро андешида, шароити мусоид барои таъмини ин стратегия муҳайё гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки ба пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан хатарҳои зиёд таҳдид менамуданд, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани ҷумҳурӣ ҳукуматро зарур буд, ки барои таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар мамлакатҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифт. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 1993 дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкил шуд.
Дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Роҳбари давлат дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии мамлакат ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои Мусаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд.
Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки Артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳими давлатдорӣ дар муддати кӯтоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат маҳсуб шуда, сафи онро ҷавонони матинирода ташкил медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 январи соли 2021 гуфта буданд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози мамлакат омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳими ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, мардонагию шуҷоат, қавииродагию адолатгустарӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз менамоянд, тақозо менамояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми ҷумҳурӣ ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии мамлакат, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, нишони ғамхории махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир аст. Маҳз тавассути хизматҳои шоёни Сарвари давлат ва талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми ҷумҳурӣ тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқонаю ҷавонмардона иҷро намуданд.
Имрӯз ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳамчунин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабе аст, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳими ватандӯстӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз