Сокинони ноҳияи Рашт дар ҷашни Сада омодагиашонро ба корҳои кишоварзӣ изҳор доштанд
РАШТ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рашт иди Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он меҳмонон ва сокинони ноҳия аз ҷамоатҳои деҳот фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар чорабинии тантанавӣ кишоварзон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи дастранҷи хеш ва маҳсулоти кишоварзиро пешкаши сокинон гардониданд. Ҳамчунин маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту шир, мевагию сабзавот, асал ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки писанди иштирокчиён гардид.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки «тоҷикон аз зумраи мардумони фарҳангдору тамаддунсоз буда, ниёгони онҳо дар баробари дигар мардумони ориётабор аз қадимулайём дорои фарҳанги ғанӣ мебошанд. Ҷашни Сада аз ҷумлаи дастовардҳое мебошад, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд».
Ҳамчунин барномаи ҷолиби консертӣ ва суруду навои дилошӯби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия иди Садаро боз ҳам хотирмонтар гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






