Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои мамлакат аз афзоиш ёфтани ҳаҷми истихроҷи ангишт хабар медиҳад. Соли 2024 ангиштканони тоҷик беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба соли 2023 485 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли 2024 дар 13 кон аз ҷониби 17 корхона зиёда аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид.
Гуфта шуд, ки бақияи ангишт ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 764,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 520,0 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки беш аз 1,2 миллион тонна ё 47 фоиз аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва зиёда аз 1,3 миллион тонна ё 53 фоиз аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 1 миллиону 785,0 ҳазор тонна ё 69 фоиз ба тарзи кушод ва 785,0 ҳазор тонна ё 31 фоиз ба тарзи зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.
Бо дахли фурӯши ангишт дар ҳамин давра Шералӣ Кабир гуфт, ки соли 2024 ҳаҷми фурӯши ангишт 2,0 миллион тоннаро ташкил дод. Аз ҷумла, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и шаҳри Душанбе 951,3 ҳазор тонна, корхонаҳои саноатӣ 356,5 ҳазор тонна, аҳолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 444,9 ҳазор тонна ва муассисаҳои буҷетӣ 68,4 ҳазор тонна рост меояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд






