Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд

Февраль 9, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхона бо 9365 ҷойи нишаст ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус 7 феврал зимни нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёди 56 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иброз гардид, ки давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ муассисаҳои нави томактабӣ сохта шуданд. Айни замон дар вилоят 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки 47 ҳазору 74 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

«Инчунин дар назди 715 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1160 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдак амал мекунанд, ки 23 ҳазору 948 нафар кӯдаки синни шашсоларо дар бар мегиранд»,-баён гардид дар нишаст.

Таъкид шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд, ки назар ба соли 2023 7 адад зиёд аст.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Февраль 9, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст