Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Февраль 24, 2025 19:10

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврали соли 2025 бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин сурат гирифт.

Сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин вазъ ва дурнамои равобити байнидавлатии ду кишвар, ки бар принсипҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина сарони давлатҳо механизми муқарраршудаи ҳамкории сохторҳои дахлдори ҷонибҳоро барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ низ табодули афкор намуданд.

Суҳбат дар фазои анъанавии дӯстона ва гарму самимӣ ҷараён гирифт.

Февраль 24, 2025 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд