ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 17, 2025 08:00

17 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мусаввари «Занон дар тиҷорат» дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи иқтисодии занон ва духтарон» баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.

***

17 феврали соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Миллати солим» дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду давлати дӯст баррасӣ шуд.

17 ФЕВРАЛ:

 Рӯзи мерос дар Канада.

***

Рӯзи президентҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳадиса Қурбонова-соли 1940- шоир ва нависанда, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969) ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978). Шоири халқии Тоҷикистон.

Февраль 17, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, сешанбе, 42-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, душанбе, 41-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, якшанбе, 40-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, шанбе, 39-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, ҷумъа, 38-умин рӯзи соли 2025 аст