Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика дар ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика дар ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва аз ҷониби Ҳиндустон таҳти роҳбарии котиби муштараки Вазорати нав ва неруи барқароршавандаи ин давлат Лалит Бохра иштирок намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо иқтидори энергетикии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро муаррифӣ намуда, барои муайянсозии самтҳои ҳамкории минбаъда бо назардошти таҷрибаи бойи Ҳиндустон дар самти неруҳои барқароршавандаи энергия табодули афкор намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак дар оянда тақвият ёфта, барои таҳкими ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд






