То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад

Февраль 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат то 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия намуда, дар он ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин хусус дар банди 7-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён шудаанд, дарҷ гардидааст. Нақшаи мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст.

Иҷрои ин супориш ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат вогузор гардидааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён гардид, дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.

«Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ҳанӯз нокифоя мебошад. Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад», -таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар ин замина ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Ҳамчунин зарурати тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии мамлакат, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард ва афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ таъкид гардид.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои судманд андешад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Dushanbe travel

Февраль 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад