Тоҷикистон ба маблағи 55,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содирот намуд

Февраль 11, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2024 ба хориҷи мамлакат ба маблағи 55,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содирот намуд, ки ин омор нисбат ба соли 2023 4,1 миллион доллари амрикоӣ ё 108 фоиз зиёд мебошад.

Тавре Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2024 дар ҳаҷми 31,3 ҳазор тонна меваи хушк, 36,6 ҳазор тонна нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 6,3 ҳазор тонна боқимондаҳои саноати хӯрокворӣ, 692,5 тонна намак, 4,1 ҳазор тонна консерваҳои меваю сабзавот, 414,0 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 603,4 тонна желатин ба хориҷи мамлакат содирот шудааст.

Бо таъсиси истеҳсолоти нав мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин давлатҳои Амрико ва Аврупо мунтазам афзоиш меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд