СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мегардад

Февраль 17, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки «Апрелевка» бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ҳоло раванди корҳои васлу насби таҷҳизоту дастгоҳ ва дигар тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ идома дорад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав коркарди то 100 тонна партов дар як шабонарӯз буда, дар он беш аз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Технологияи коркард» дар ҳамкорӣ бо корхонаи муштараки «Апрелевка» ва ширкати илмӣ-истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Русия бунёд мегардад.

Корхонаи муштараки «Апрелевка» ҳамчун корхонаи азими саноатӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият дошта, садҳо нафарро бо кор ва маош таъмин намудааст. Коркарди партовҳои ин корхона бо истифода аз технологияи навтарин ва бо харҷи кам имкон медиҳад, ки тиллою нуқра истеҳсол шавад.

Ширкати «Технологияи коркард» нақша дорад, ки ҳамкориро бо шарикон тақвият бахшида, бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар рушди саноати кӯҳӣ-металлургӣ саҳм гузорад. Инчунин барои оқилона истифода шудани захираҳои табиӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 17, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд