Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раис ва мудири иҷроияи Ширкати захираҳои инсонии «ARCO» мулоқот намуд

Февраль 3, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо раиси Ширкати «ARCO»-и Арабистони Саудӣ оид ба захираҳои инсонӣ Шайх Фаҳд Аш-Шаммарӣ ва мудири иҷроияи ин ширкат доктор Файсал Ал-Ваълон мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба талаботи бозори меҳнат дар ду давлат, инчунин дар бораи абзори ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии бозори меҳнат дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ иштирок намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Февраль 3, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд