ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд

Февраль 22, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфта, марҳилаҳои гуногунро тай намудааст. Фаъолият намудани занону духтарон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ далели он аст, ки Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занонро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.

Доир ба мавзуи «Нақши занони низомӣ дар ҳимояи Ватан-Модар» хабарнигори АМИТ «Ховар» бо лейтенанти калони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрона Мухторзода ҳамсуҳбат гардид.

Меҳрона Мухторзода дар оғози суҳбат гуфт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки «воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳамаи арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем».

— Аз ин рӯ мо, занонро низ зарур аст дар баробари мардони шуҷоъ ватанамонро ҳимоя намоем», — мегӯяд лейтенанти калони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия.

Имрӯзҳо тақрибан дар 10 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, сари китф ситора дар баробари мардон дар як саф қарор доранд.

Ба андешаи Меҳрона Мухторзода, вақте ки зан-модар ҳисси баланди ватандӯстӣ дорад, бояд ба камбудиҳо нигоҳ накарда, дар баробари мардон марзу буми ватанро барои ояндаи дурахшони ин сарзамин ҳимоя намояд.

«Фаъолият намудан дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мушкил буда, душвориҳо дорад. Новобаста ба он ки мо, занон дар хона масъулияти зиёди хонаводагӣ дорем, имрӯз дар баробари мардон дар ҳимояи Ватан-Модар ва фарзандон саҳм мегузорем»,- мегӯяд Меҳрона Мухторзода.

Ин зани матинирода иброз медорад, ки агар дар оянда фарзандонаш касби модарро пеша кунанд, омода аст онҳоро дастгирӣ намояд. Зеро саҳмгузорӣ дар ободонию осудагии мамлакатро вазифа ва қарзи аввалиндараҷаи худ мешуморад.

«Агар Ватан тинҷу ором бошад, мо, модарон низ осудаем. Зеро ҳангоме ки фарзани мо ба боғча, мактаб, донишгоҳ ё кор мераванд, дулпур аз он ҳастем, ки амнияти онҳо дар мамлакат таъмин аст»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Меҳрона Мухторзода ҳамчунин доир ба баланд бардоштани саҳми занон дар ҷомеа изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мақому мартабаи занони тоҷик хеле баланд гардида, якчанд фармону қарорҳо, барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расиданд, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

«Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори низомиён ба ҳисоб меравад. Мо дар мавриде ин вазифаи душвор ва пуршарафу муқаддасро сарбаландона иҷро карда метавонем, ки агар ҳар хизматчии ҳарбӣ, аз ҷумла занону духтарон моҳияти мафҳуми Ватану ватандӯстӣ ва қимати Истиқлолияти давлатиро дарку эҳсос карда, дар иҷрои ин қарзи муқаддас саҳм гузоранд»,-иқтибос овард Меҳрона Мухторзода аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки фаъолияти занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва соҳаи ҳифзи ҳуқуқ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва фарзандону наздикони онҳо намунаи олии таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Боварӣ дорем, ки дар хонадони ҳар зани низомӣ меҳру садоқат ва тартибу низом ҷой дорад. Ин аз фазилати бузургии модар сарчашма мегирад ва ба таълиму тарбияи фарзандон таъсири хуб мерасонад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
БАҲОГУЗОРИИ МУОСИР. Низоми 10-хола на танҳо рақам, балки роҳ ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст