Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд

Февраль 7, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон-ҳадафи барномавии ҲХДТ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ҳамоиш 200 нафар ятимон ва донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманд бо корти нақлиётӣ таъмин  ва ғолибони  озмунҳои даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар доданд.

— Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгирию роҳнамоии ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таҳсил, фаъолият ва ҳунаромӯзии ҷавонон шароиту имконият фароҳам оварда шудааст, — изҳор гардид дар  ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки  масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад.

Иштирокдорони ҳамоиш баён намуданд, ки нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ, суннатҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллии Ватан назаррас мебошад. Фаъолияти назарраси ҷавонон дар тамоми соҳаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар охир ба як зумра ҷавононе, ки ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Февраль 7, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад