14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура. Прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст

Март 14, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он дар мамлакат 14 март рӯзи касбии кормандони мақомоти прокуратура таъйин шуд. Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура аз он ибтидо мегирад, ки 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Мақомоти прокуратура дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳаввулоти зиёдро аз cap гузаронид

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоратию мурофиавии он дақиқ муайян шуданд. Самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардиданд. Заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Тасдиқи сохтори мақомоти прокуратура

Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият бозгӯи он аст, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии мамлакат боло рафт. Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ дар заминаи барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ 29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардонида бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ шуд. Худи ҳамон сол бо мақсади баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомот бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даврҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ёфта, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.

Зимнан, такмили сохтори прокуратура пайваста идома ёфта, якчанд раёсату шуъбаҳо, инчунин 20 прокуратураи нав дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфтанд, ки ин раванд иқтидори кории мақомотро пурра намуд.

Кормандони ин мақомот садоқати худро ба Ватан собит намудаанд

Дар ҷавоб ба дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони мақомоти прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории муосир садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳоло дар ҳар саҳифаи таърихи истиқлолият нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд сабт шудааст. Бояд гуфт, ки барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993 то инҷониб теъдоди зиёди корманди мақомот ба рутбаи олии дараҷавӣ, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳоло дар назди кормандони мақомоти прокуратура бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, бахусус терроризму экстремизм, ки метавонанд ба амният ва манфиатҳои миллию давлатии мо низ таъсир гузоранд, масъулияти бештар меистад. Зеро дар чунин вазъ оид ба ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар тақозо мешавад.

Фаъолияти прокуратура ба замони муосир мутобиқ аст

Мақомоти прокуратура фаъолияти худро ба замони муосир ва рушди босуръати технологияи иттилоотӣ мутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар саросари мамлакат тадбирҳои мушаххас андешидааст. Содагардонии расмиёти ҳуҷҷатнигорӣ, қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши мавод ва пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳамин қабил аст.

Барои кормандони мақомоти прокуратура барои пеш бурдани фаъолият шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар назди мақомоти прокуратура вазифа гузошта шудааст, ки тамоми фаъолиятро ба таъмини қонуният дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона намояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор прокуратураи вилоятӣ, 77 прокуратураи шаҳрию ноҳиявӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, панҷ прокуратураи ҳарбӣ ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон, се прокуратура оид ба назорати риояи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият менамоянд. Кормандони мақомоти прокуратура доимо саъй менамоянд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дар амал татбиқ карда, уҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Рисолати асосии мақомоти прокуратура

Ҳоло самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими волоияти қонун ва суботу амнияти мамлакат нигаронида шудааст. Инчунин назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидааст, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ, назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо, таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз рисолатҳои дигари мақомоти прокуратураи Тоҷикистон мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем