35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб бинои нави таълимӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сохтмони бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1 барои хонандагони ятими кулл ва бепарастор идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва дастгирии молиявии соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида, тибқи нақша, дар оғози соли 2026 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб аз се ошёна иборат буда, барои 102 хонанда, ки бо амри тақдир ятим ва бепарастор мондаанд, бунёд мегардад. Тамоми синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони ин муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнияти хониш таъмин карда мешаванд.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр таъмиру бунёди 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи иншооти нақшавӣ то аввали соли равон 206 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 41,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар 165 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид






