35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб бинои нави таълимӣ бунёд карда мешавад

Март 12, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  сохтмони бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1   барои   хонандагони ятими кулл ва бепарастор идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино   дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо ибтикори академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов  ва   дастгирии молиявии соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида, тибқи нақша,   дар оғози соли 2026 мавриди истифода қарор дода  мешавад.

Бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб аз се ошёна иборат буда, барои 102 хонанда, ки бо амри тақдир ятим ва бепарастор мондаанд,   бунёд мегардад.  Тамоми синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони  ин муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнияти хониш таъмин карда мешаванд.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,   бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр таъмиру бунёди 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст.  Аз шумораи иншооти нақшавӣ то аввали соли равон 206 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 41,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар 165 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 12, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд