Ҳайати Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон шинос мешавад
ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 март байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид, ки зимни он тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисод ва тиҷорат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрии маҷозӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик ҳайате аз намояндагони бахши хусусии Арабистони Саудӣ бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузорӣ, шиносоӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии имконияти густариши ҳамкории иқтисодӣ ба Тоҷикистон биояд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






