Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан иштирок намуд

Март 13, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ  10-11 март дар  мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавассути ислоҳоти қонунгузорӣ ва механизмҳои институтсионалӣ дар таҳкими баробарии гендерӣ,  татбиқи Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Инчунин таъкид  гардид, ки барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Эъломияи Пекин ва Барномаи амал қабул карда шудааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», таҳия ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа», «Cтратегияи миллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон», барномаҳои давлатии мусоидат ба соҳибкории занон, рушди соҳибкорӣ ва тарбияи оила аз ҷумлаи дастовардҳои калидӣ гуфта шуданд. Иброз гардид, ки рушди соҳибкории занон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби давлат низ дастгирӣ меёбад ва таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат менамояд.

Роҳбари ҳайати мамлакат  инчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон талошҳои худро барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҷилавгирӣ аз хушунати гендерӣ тақвият додааст.


Хосатан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд, ки ҳамоҳангии байни ниҳодҳои дахлдорро тақвият мебахшад. Илова бар ин, барои ҳалли ҳамаҷонибаи ин мушкилот «Барномаи дуюми давлатӣ барои солҳои 2025-2030» тасдиқ шудааст.

Дилрабо Мансурӣ эълом дошт, ки Тоҷикистон соли 2025 раисии Муколамаи занони Осиёи Марказиро ба уҳда мегирад, ки ба ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш дар заминаи баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон мусоидат менамояд.

Инчунин зимни суханронӣ оид ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ, бахусус дар масъалаҳои об ва пиряхҳо  маълумот пешниҳод гардид. Муовини Сарвазири мамлакат  аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал овард, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳошияи ин конфронс форум дар мавзуи «Занҳо ва пиряхҳо», ки нақши муҳими занонро дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баррасӣ хоҳад кард, доир мешавад.

Ҷаласаи 69-уми иҷлосияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан (CSW69)- бузургтарин ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон аз 10 то 21 марти соли 2025 баргузор мешавад. Таваҷҷуҳи асосии иҷлосия ба баррасӣ ва арзёбии иҷрои Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он равона шудааст.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 13, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон анҷоми музокироти Озарбойҷон ва Арманистонро оид ба матни созишномаи сулҳ истиқбол менамояд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардиданд
Дар Риёз ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ баррасӣ гардид
Ироқ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд
Урдун имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд
Британияи Кабир рӯзи имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ таърихӣ унвон намуд
Озарбойҷон Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик намуд
Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт
Шоҳигарии Баҳрайн имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд
Сафари таърихии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон дар таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас дорад
Фаронса имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд